Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13-уми декабри соли равон ҷаласаи навбатии комиссияи доимии ҳукумат оид ба буҷетро баргузор намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаи қарори ҳукумат оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» ва лоиҳаи Фармоиши ҳукумат «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Нахуствазири мамлакат ба иштирокчиёни машварат оид ба истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷет, дарёфти манбаъҳои иловагии ғанисозии буҷет ва ҷалби захираҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод», – гуфт манбаъ.



