ҲХДТ боз як курсӣ дар Маҷлиси намояндагонро аз даст медиҳад

Бинобар сабаби тағийроти ахири суратгирифта дар ҳайати ҳукумати кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон боз як курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро аз даст медиҳад. Дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ дар фурсати наздиктарин бояд ваколатҳои худ дар […]

Аваз Юлдошев


Бинобар сабаби тағийроти ахири суратгирифта дар ҳайати ҳукумати кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон боз як курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро аз даст медиҳад.

Дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ дар фурсати наздиктарин бояд ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро супорад. Маҳмадалиев моҳи феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Бохтар вакили МНМО ҶТ интихоб шуда, узви фраксияи ҲХДТ дар парлумон буд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр дар робита ба раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин шудани Махфират Хидирова, ки ба ҳайати МНМО ҶТ мувофиқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ шомил гардида буд, ваколатҳои ӯ дар Маҷлиси намояндагон қатъ гардиданд.

Чун ҲХДТ то имрӯз тамоми рӯйхати пешазинтихоботии ҳизбии худро, ки аввали соли 2010 аз ҷониби анҷумани ҳизб дар интихоботи МНМО ҶТ пешниҳод шуда буд, истифода намуд, то охири фаъолияти ҳайати кунунии палатаи поёнии парлумон курсии вакилии Хидирова холӣ боқӣ мемонад. Вакили дигари МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ваколатҳояш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафарашон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатии минтақаҳои кишвар интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ 16 аъзои ҲХДТ, 2 аъзои Ҳизби коммунист, 2 аъзои ҲНИТ, 1 аъзои Ҳизби аграрӣ ва 1 аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳайати вакилони Маҷлиси нмяондагони Маҷлиси Олии ҶТ шомил гардиданд.

Дар зарфи 4 соли нопурра бинобар сабаби таъинот ба мансабҳои гуногуни давлатӣ 7 нафар вакилон аз ҲХДТ курсиҳои парлумониро тарк карданд. То таъиноти Хидирова ба мансаби давлатӣ, ҲХДТ ба ивази вакилони хориҷшуда намояндагони ҳизб аз рӯйи рӯйхати ҳизбиро, ки соли 2010 нагузашта буданд, вакил таъин мекард, вале имрӯз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ба итмом расидааст.

Айни замон 45 нафар вакилони МНМО ҶТ аъзои ҲХДТ буда, Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2-тогӣ намоянда доранд. Даҳ нафар вакилони МНМО ҶТ ғайриҳизбианд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ бояд дар муддати се моҳ ба ҷойи вакилони хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ доир намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.