Парлумон ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ мекунад

Date:


Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иҷлосияи ғайринавбатии ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он масъалаи тасдиқи ҳайати нави аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшудаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Мутобиқи рӯзномаи иҷлосия, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов фармонҳои президент дар бораи таъини нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳоро ба вакилон пешниҳод менамояд.

Ба андешаи коршиносон ва вакилони палатаҳои парлумон, фармонҳои президент дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат бо аксари куллии вакилон дастгирӣ хоҳад шуд.

Муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар таърихи фаъолияти худ парлумони кишвар ҳоло тасдиқи ҳеҷ яке аз фармонҳои сарвари давлатро рад накардааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...