Парлумон ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ мекунад

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иҷлосияи ғайринавбатии ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он масъалаи тасдиқи ҳайати нави аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшудаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Мутобиқи рӯзномаи иҷлосия, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иҷлосияи ғайринавбатии ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он масъалаи тасдиқи ҳайати нави аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшудаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Мутобиқи рӯзномаи иҷлосия, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов фармонҳои президент дар бораи таъини нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳоро ба вакилон пешниҳод менамояд.

Ба андешаи коршиносон ва вакилони палатаҳои парлумон, фармонҳои президент дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат бо аксари куллии вакилон дастгирӣ хоҳад шуд.

Муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар таърихи фаъолияти худ парлумони кишвар ҳоло тасдиқи ҳеҷ яке аз фармонҳои сарвари давлатро рад накардааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.