Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ аз 2 млрд. $ зиёд шуд

Date:


Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли равон беш аз 10,1 млрд. сомонӣ (2,1 млрд. $)-ро ташкил дод, ки ба 100%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳ ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет аз пардохти андоз ҳудуди 7 млрд. сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 млрд. сомонӣ зиёдтар аст ва воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андоз қариб ба 75%-и ҳаҷми умумии он баробар аст.

Ҳаҷми воридоти маблағҳои ғайриандозӣ дар ин давра 633 млн. сомониро ташкил додаанд, ки тақрибан ба 7%-и ҳаҷми умумии буҷет баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон ба санаи 1-уми ноябри соли равон беш аз 8,6 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,8 млрд. сомонӣ афзудаанд. Хароҷоти аз ҳама бештар дар ин давра ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (20% аз ҳаҷи умумии хароҷот) ва соҳаи маориф (18,3%) мансуб аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 дар ҳаҷми каме бештар аз 12 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷоти он ба маблағи зиёда аз 12,2 млрд. сомонӣ тасдиқ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...