Хадамоти алоқа тамоми муассисаҳои давлатиро ба интернети «Тоҷиктелеком» мегузаронад

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба минбаъд аз ҷониби интернет-провайдери давлатии «Тоҷиктелеком» таъмин гардидани муассиаҳои давлатӣ бо шабакаи Интернет нома ирсол кардааст. Дар номаи хадамот таҳти имзои роҳбари он Бег Зуҳуров зикр мегардад, ки мактуб мутобиқи қарори ҳукумати кишвар фиристода шуда, дар он дархост мешавад, ки ба пешниҳоди хизматгузории […]

Меҳрангез Турсунзода


Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба минбаъд аз ҷониби интернет-провайдери давлатии «Тоҷиктелеком» таъмин гардидани муассиаҳои давлатӣ бо шабакаи Интернет нома ирсол кардааст.

Дар номаи хадамот таҳти имзои роҳбари он Бег Зуҳуров зикр мегардад, ки мактуб мутобиқи қарори ҳукумати кишвар фиристода шуда, дар он дархост мешавад, ки ба пешниҳоди хизматгузории интернет, WiMax ва WiFi ба муассисаҳои давлатӣ хотима бахшида, дар ин хусус шахси масъул дар хадамот огоҳ карда шавад.

Чунин мактубҳо ба як қатор муассисаҳои давлатӣ низ ирсол гардида, онҳо уҳдадор шудаанд, ки аз истифодаи хизматгузориҳои интернети ширкатҳои хусусии фароҳамсози интернет даст кашанд.

Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев ҷиҳати шарҳу тавзеҳи дастури мазкур ба Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор мактуби ҷавобӣ ирсол намудааст. «Ин дастури Хадамоти алоқа мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қоидаҳои Созмони ҷаҳониии тиҷорат аст, ки чанде қабл Тоҷикистон ба узвияти он пазируфта шуд», – гуфт Атоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.