Хадамоти алоқа тамоми муассисаҳои давлатиро ба интернети «Тоҷиктелеком» мегузаронад


Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба минбаъд аз ҷониби интернет-провайдери давлатии «Тоҷиктелеком» таъмин гардидани муассиаҳои давлатӣ бо шабакаи Интернет нома ирсол кардааст.

Дар номаи хадамот таҳти имзои роҳбари он Бег Зуҳуров зикр мегардад, ки мактуб мутобиқи қарори ҳукумати кишвар фиристода шуда, дар он дархост мешавад, ки ба пешниҳоди хизматгузории интернет, WiMax ва WiFi ба муассисаҳои давлатӣ хотима бахшида, дар ин хусус шахси масъул дар хадамот огоҳ карда шавад.

Чунин мактубҳо ба як қатор муассисаҳои давлатӣ низ ирсол гардида, онҳо уҳдадор шудаанд, ки аз истифодаи хизматгузориҳои интернети ширкатҳои хусусии фароҳамсози интернет даст кашанд.

Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев ҷиҳати шарҳу тавзеҳи дастури мазкур ба Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор мактуби ҷавобӣ ирсол намудааст. «Ин дастури Хадамоти алоқа мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қоидаҳои Созмони ҷаҳониии тиҷорат аст, ки чанде қабл Тоҷикистон ба узвияти он пазируфта шуд», – гуфт Атоев.

spot_imgspot_img

Популярное