Дар Брюссел вазъи имконпазири Афғонистон ва ОМ пас аз соли 2014 баррасӣ шуд


Рӯзи 18-уми  декабри соли 2013 дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамо ва чолишҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният” баргузор гардид. Конфронси мазкур аз ҷониби Кумитаи корҳои хориҷии Парлумони Аврупо муштаракан бо Ҳайати Парлумон оид ба робита бо Афғонистон ва Ҳайати Парлумон оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар конфронс Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев, ашхоси баландпояи Парлумони Аврупо, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, СААШ, Бонки ҷаҳонӣ, сафирон, инчунин намояндагони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва марказҳо, ба монанди Донишкадаи шоҳаншоҳӣ оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, East-West Institute, EUCAM ва Маркази тадқиқотҳои сиёсии аврупоӣ ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев дар баромади худ тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамаи ташаббусҳои ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон равонагардидаро дастгирӣ менамояд. Ӯ зарурати андешидани чораҳои мушаххас оид ба ноил гардидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳу субот дар ҷамъияти афғон ҳамчун шарти асосии эҳёи иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид намуд. Ҳамзамон Р. Солиев ба аҳамияти омӯзиши ҳаматарафа ва татбиқи амалии таҷрибаи ба даст овардани сулҳу ризоият дар Тоҷикистон ишора кард.

Ҳамчунин омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд низ расонидани кумак ба Афғонистон дар тайёркунии кадрҳо, таъмини нерӯи барқ, афзоиши нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ ва сохтмони пулҳо иброз дошт. Сафири Тоҷикистон самаранокии татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро ҳамчун манбаи асосии нерӯи барқи арзон барои рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва абзори амалии ирригатсияи заминҳо барои рушди кишоварзӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя таъкид намуд.

Ҷониби тоҷикистонӣ иштирокчиёнро даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои минтақавӣ, ба монанди CASA-1000, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, ки ба таъмини некуаҳволии мардуми афғон ва барқарорсозии иқтисоди харобгардидаи ин кишвар нигаронида шудаанд, фаъолона иштирок намоянд.

Дар маҷмӯъ дар баромадҳои худ дар Конфронс, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд намуданд, ки ҳукуматҳои кишварҳои онҳо омодаанд расонидани кумакро ба Афғонистон дар ҷодаи таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии соҳаи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар идома диҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное