Интиқоди Убайдуллоев аз муовинонаш оид ба кори МБГ


Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба воқеияти таъминоти иншооти шаҳр а бо гармӣ ва оби гарм дар мавсими зимистонгузаронӣ изҳор намуд, ки бо иловатан ба истифодадиҳии иқтидорҳои дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»-и ҶСК  «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» имкон доранд бо иқтидори 114,5 Гкал/соат ба аҳолии шаҳр нерӯи гармӣ интиқол намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор танҳо барои гармитаъминкунии 1,487 млн. м2 ё 17,9 %  беш аз 8,2 млн м2 масоҳати умумии манзили шаҳри Душанбе кифоя мебошаду халос, зеро талаботи воқеии шаҳр  беш аз 1260 Гкал/соат-ро ташкил медиҳад ва дар мавсими пешорӯ тамоми минтақаҳои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин намудан имконнопазир аст.

«Боиси таассуф аст, ки муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва Мансуров Ҷ.М. дар ин самт иҷрои вазифаҳои хизматиашонро таъмин карда натавонистанд ва зимнан онҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ нисбати таъминоти шаҳр бо нерӯи гармӣ, ки истеҳсоли он салоҳияти танҳо зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик»  маҳсуб мебошад, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр чораҳои муассир андешанд», – гуфт Убайдуллоев.

Раиси пойтахт ҳамчунин зикр кард, ки дар шаҳр давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 1923,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,0 млн. кВт/соат зиёдтар буда, аҳолии пойтахт дар ҳаҷми 1199,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода кардааст ва ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 48,4 млн. кВт/соат бештар мебошад.

«Талафоти фаннии нерӯи барқи пойтахт дар 10 моҳ 407,3 млн. кВт/соат ё худ 17,7%-ро ташкил доданд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст», – иброз дошт раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 10 моҳ маблағи барои истифодаи нерӯи барқ ҷамъоваришуда дар пойтахт ҳудуди 230 млн. 239 ҳазор сомонӣ ё худ 89,1%-ро ташкил дод.

spot_imgspot_img

Популярное