Интиқоди Убайдуллоев аз муовинонаш оид ба кори МБГ

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба воқеияти таъминоти иншооти шаҳр а бо гармӣ ва оби гарм дар мавсими зимистонгузаронӣ изҳор намуд, ки бо иловатан ба истифодадиҳии иқтидорҳои дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»-и ҶСК  «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» имкон доранд бо […]

ASIA-Plus


Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба воқеияти таъминоти иншооти шаҳр а бо гармӣ ва оби гарм дар мавсими зимистонгузаронӣ изҳор намуд, ки бо иловатан ба истифодадиҳии иқтидорҳои дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»-и ҶСК  «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» имкон доранд бо иқтидори 114,5 Гкал/соат ба аҳолии шаҳр нерӯи гармӣ интиқол намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор танҳо барои гармитаъминкунии 1,487 млн. м2 ё 17,9 %  беш аз 8,2 млн м2 масоҳати умумии манзили шаҳри Душанбе кифоя мебошаду халос, зеро талаботи воқеии шаҳр  беш аз 1260 Гкал/соат-ро ташкил медиҳад ва дар мавсими пешорӯ тамоми минтақаҳои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин намудан имконнопазир аст.

«Боиси таассуф аст, ки муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва Мансуров Ҷ.М. дар ин самт иҷрои вазифаҳои хизматиашонро таъмин карда натавонистанд ва зимнан онҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ нисбати таъминоти шаҳр бо нерӯи гармӣ, ки истеҳсоли он салоҳияти танҳо зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик»  маҳсуб мебошад, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр чораҳои муассир андешанд», – гуфт Убайдуллоев.

Раиси пойтахт ҳамчунин зикр кард, ки дар шаҳр давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 1923,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,0 млн. кВт/соат зиёдтар буда, аҳолии пойтахт дар ҳаҷми 1199,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода кардааст ва ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 48,4 млн. кВт/соат бештар мебошад.

«Талафоти фаннии нерӯи барқи пойтахт дар 10 моҳ 407,3 млн. кВт/соат ё худ 17,7%-ро ташкил доданд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст», – иброз дошт раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 10 моҳ маблағи барои истифодаи нерӯи барқ ҷамъоваришуда дар пойтахт ҳудуди 230 млн. 239 ҳазор сомонӣ ё худ 89,1%-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.