Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов зарурати густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии миёни ду кишварро қайд намуд.
Сафири Фаронса аҳамияти ҳамкорӣ ва саъю кӯшишҳои муштаракро оид ба Афғонистон қайд карда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронсаро баланд арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин Д. Леруа Сироҷидин Асловро ба муносибати таъин шудан ба мақоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно намуд.



