Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи кормандони мақомоти милисаи пойтахт миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон Муҳриддин Насриддинови 26-сола боздошт шудааст.
«Ҳангоми кофтукови борхалтаи дар дасташ будаи боздоштшуда аз дохили он 22 кг 176 грамм маводи нашъадори сахттаъсири «героин», 12 кг 792 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 8 кг 856 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 43 килою 924 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.



