ВКД: Писари Амонулло Ҳукумов ба наздикӣ пеши суд ҷавоб мегӯяд

Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Расул Амонулло, писари 16-солаи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов, ки дар рух додани садамаи нақлиёти ҷони се нафарро рабуда гумонбар дониста мешаванд, идома дорад. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

Аваз Юлдошев


Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Расул Амонулло, писари 16-солаи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов, ки дар рух додани садамаи нақлиёти ҷони се нафарро рабуда гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тафтиши парвандаи мазкурр муфаттишон ба наздикӣ ба итмом расонида, ба суд ирсол мекунанд ва ҳардуи гумонбаршудагон назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «То кадом андоза гунаҳкор будани Расули Амонулло ва Умар Шарифов дар рух додани садамаро суд муайян мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ дар робита ба ин қазия бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси санади ВКД ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ба маблағи 120 сомонӣ

ҷарима шуд.

Номи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар сархати расонаҳо қарор дорад. Аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.