Афзоиши қариб 2,6 баробари воридоти гази моеъ дар соли равон

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 192 ҳазор ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 118 ҳазор тонна ё худ 2,6 баробар зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд,  моҳи ноябри соли равон ба ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 192 ҳазор ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 118 ҳазор тонна ё худ 2,6 баробар зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд,  моҳи ноябри соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 18 ҳазор тонна гази моеъ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи пешин 10% камтар мебошад.

Зикр гардид, ки ба Тоҷикистон гази моеъ аслан аз Қазоқистон ва соли ҷорӣ ҳамчунин аз

Русияву Туркманистон ва Қазоқистон

низ ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2010 Русия ба маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон мефиристодааш боҷи содиротӣ ҷорӣ карда, ин ба он боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Ахиран ҳукумати Русия дар бораи муваққатан мавриди амал қарор додани Созишнома дар бораи таҳвили бебоҷи маҳслуоти нафтии Русия ба Тоҷикистон қарор қабул кард.

Воридоти миқдори аввалини маҳсулоти нафтии бебоҷи Русия ба Тоҷикистон 20-уми ноябри соли ҷорӣ оғоз гардиданд ва пас аз ин арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории кишвар ҳамагӣ ба андозаи 20% поин рафт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.