Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ 18,8% афзуд

Мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз афзуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 35,7 фоиз (ё 1’955,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 […]

ASIA-Plus


Мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз афзуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 35,7 фоиз (ё 1’955,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз (ё 3’529,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 8,9 фоиз ва 25,1 фоиз зиёд шудаанд.

Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,62 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,10 фоиз баланд ва 1,3 фоиз паст мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.