Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки Тоҷикистон аз Белорус ҳамасола 700 трактор мехарад.
Ба гуфтаи сафир, Тоҷикистон ҳамчунин ба харидории чорвои зоти хушсифат аз Белорус низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имосл як миқдор аз ин говҳои зотӣ дастрас кардааст. «Соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, тамоили афзоиш нисбат ба соли пешин ба 112,9% баробар шуд», – иброз дошт ӯ.
Олга Гаврук зикр кард, ки аз ин миқдор 6,4 млн. $ содирот ва 69,3 млн. $ воридот буда, аз Тоҷикистон ба Белорус аслан нахи пахта, алюминий ва хушкмева ва аз Белорус ба Тоҷикистон шакар, тракторҳо, фторид, маҳсулоти коркарди чӯб, мебел ва доруворӣ содирот шудаанд.
«Дар Тоҷикистон намояндагии корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва агрегатҳо барои истеҳсоли тракторҳои хурдҳаҷм боз шуда, ҳамкориҳо дар самти таъмин бо техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизот миёни «Тоҷикагрлизинг» ва корхонаи «МТЗ»-и Белорус хуб ҷараён доранд ва давоми солҳои 2011-2012 бо саҳмгузории «Тоҷикагролизинг», ҶСП «Агротехсервис», ҶСМК «Мадади Турсунзода» ва соҳибкорони хусусӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 142,3 млн. сомонӣ 1 ҳазору 201 адад трактори тамғаи «МТЗ» расонида шуд», – маълумот дод сафир.
Дар робита ба сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон сафири Белорус изҳор намуд, ки Тоҷикиситон бояд амнияти энергетикии худро таъмин намояд. «Зимни сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ харидории автомашинаҳои «БелАЗ»-и Белорус мувофиқи мақсад аст ва ин боз як самти ҳамкории пурсамар миёни кишварҳо хоҳад буд», – афзуд номбурда.



