Олга Гаврук: Тоҷикистон аз Белорус ҳамасола 700 трактор мехарад

Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки Тоҷикистон аз Белорус ҳамасола 700 трактор мехарад. Ба гуфтаи сафир, Тоҷикистон ҳамчунин ба харидории чорвои зоти хушсифат аз Белорус низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имосл як миқдор аз ин говҳои зотӣ дастрас кардааст. «Соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 75,7 млн. доллари […]

Меҳрангез Турсунзода


Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки Тоҷикистон аз Белорус ҳамасола 700 трактор мехарад.

Ба гуфтаи сафир, Тоҷикистон ҳамчунин ба харидории чорвои зоти хушсифат аз Белорус низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имосл як миқдор аз ин говҳои зотӣ дастрас кардааст. «Соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, тамоили афзоиш нисбат ба соли пешин ба 112,9% баробар шуд», – иброз дошт ӯ.

Олга Гаврук зикр кард, ки аз ин миқдор 6,4 млн. $ содирот ва 69,3 млн. $ воридот буда, аз Тоҷикистон ба Белорус аслан нахи пахта, алюминий ва хушкмева ва аз Белорус ба Тоҷикистон шакар, тракторҳо, фторид, маҳсулоти коркарди чӯб, мебел ва доруворӣ содирот шудаанд.

«Дар Тоҷикистон намояндагии корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва агрегатҳо барои истеҳсоли тракторҳои хурдҳаҷм боз шуда, ҳамкориҳо дар самти таъмин бо техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизот миёни «Тоҷикагрлизинг» ва корхонаи «МТЗ»-и Белорус хуб ҷараён доранд ва давоми солҳои 2011-2012 бо саҳмгузории «Тоҷикагролизинг», ҶСП «Агротехсервис», ҶСМК «Мадади Турсунзода» ва соҳибкорони хусусӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 142,3 млн. сомонӣ 1 ҳазору 201 адад трактори тамғаи «МТЗ» расонида шуд», – маълумот дод сафир.

Дар робита ба сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон сафири Белорус изҳор намуд, ки Тоҷикиситон бояд амнияти энергетикии худро таъмин намояд. «Зимни сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ харидории автомашинаҳои «БелАЗ»-и Белорус мувофиқи мақсад аст ва ин боз як самти ҳамкории пурсамар миёни кишварҳо хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.