Шиносоии президент бо ҷараёни сохтмони бинои нави Кумитаи андоз

spot_imgspot_img

Дата:


Нимаи дуюми рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо рафти сохтмони биноҳои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аз нав обод намудани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмони бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳи хеле зебо дар миёни меҳмонхонаи Тоҷикистон ва бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти сохтмони он шинос шуд.

Тавре зикр гардид, бино аз 12 ошёнаи асосӣ ва таҳхонаю болохона иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ буда, аз қариб 200 утоқи корӣ, толорҳои барҳавои маҷлисию барои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои дигар иборат хоҳад буд. Дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ барои беш аз 50 мошин пешбинӣ шудааст. Чунонки аён аст, бино аллакай пурра қомат рост намудааст ва танҳо ороиши дохилу берун ва васлу насби таҷҳизоти зербиноӣ ва дигар корҳо боқӣ мондааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмон ва ороиши дохилу беруни бино супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки ин иморат бояд то охири соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар паҳлӯи дигари бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бинои наву боҳашамати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аён гардид, ки ҳоло танҳо таҳхонаи ин бино дар ҳоли сохтмон аст.

Тавре зикр гардид, ин бино аз 14 ошёна ва қариб 23 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд ва дар он ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойгир карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани маблағҳои кофӣ ва тезондани суръати сохтмон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид бар он дошт, ки ин бино бояд то соли 2016 бо сифати баланди сохтмону ороиш омода карда шавад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи фарҳангию фароғатии Рӯдакӣ ташриф оварда, дар шинондани ниҳолҳои бузургҷуссаи ҳамешасабз бевосита иштирок намуд.

Чунонки зикр гардид, ҳар яке аз ин ниҳолҳои нодир беш аз бистсола буда, бо технологияи махсус канда шуда, интиқол меёбанд ва дар ҷойи нав шинонда мешаванд. Дар ин мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 3 ҳазор адад ҳамин гуна ниҳолҳои нодири бузургҷусса дар боғҳои фарҳангию фароғатии Рӯдакӣ, Пойтахт, Наврӯзгоҳ, Дӯстии халқҳо, дар атрофи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон, хиёбонҳои Рӯдакию Айнӣ ва гулгаштҳои пойтахт шинонда мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист ба роҳ монда шудааст, ки то моҳи майи соли оянда идома хоҳад ёфт. Дар ин мавсим беш аз 1 миллион дона ниҳолҳои зебои ҳамешасабзи ороишӣ ва сояафкан шинонда шуда, дар садҳо гектар боғу токзори нав бунёд меёбад ва боғҳои кӯҳна навсозӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолу пайваста дар чунин маъракаҳо, ташаббуси бевосита нишон дода, тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як фарди имкондоштаро ба саҳмгузорӣ дар ободу зебо намудани сарзамини Тоҷикистон, беҳсозии муҳити экологии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар тарғибу ташвиқ менамояд.

Тавре аён мегардад, дар натиҷаи чунин ташаббускории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мавриди дастгирию пуштибонии васеи мардум қарор гирифтани он симои зоҳирии аксари шаҳру деҳоти кишвар комилан тағйир ёфта ободу зебо мегардад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...