Ифодаҳои “хӯрока”, “либоса”, “пӯшока”, “нарина”, “модина”, “ғалладонагӣ” аз харобшавии забон ва тарзи суханварӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ин нукта 24-уми декабр дар ҷараёни мизи гирд таҳти унвони «Маданияти сухан» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зикр гардид.
Ба қавли
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Саттор Турсун, вайрон шудани забон як система шудааст ва дар Тоҷикистон ашхосе надорем, ки онро назорат карда тавонанд. Вай афзуд: «Бояд мо аз баҳри ибораҳое мисли “дар деҳаи мо ин хел мегӯянд, мо дар мактаби деҳаамон ҳамин хел менавиштем, агар ҳамдеҳагони ман ин тавр менавиштанд, ман ҳам бояд чунин тарзи навиштро ҷорӣ кунам” гузарем. Биёед аз маҳалгароӣ даст кашем ва рӯй ба он империяи фарҳангие орем, ки бехабар аз якдигар дар муддати 1000 сол ба дараҷаи олӣ эҷод мекарданду менавиштанд. Нагӯем, ки ман дар сари кор ҳастам ва аз забоне, ки ҳамдеҳагонам муошират мекарданд, ҳимоя мекунам. Мо дар забонамон инро эҳсос мекунем. Он нафароне, ки дар солҳои аввали истиқлол дар навиштани китобҳои дарсӣ муаллиф буданд, ҳатман кӯшиш мекарданд, ки агар аз деҳаашон касе бошад, ӯро дохил кунанд. Худоро шукр, ки имрӯз то як андоза меъёри адабии забон ба вуҷуд омадааст. Ҳол он ки дар муошират ва ҳатто илм меъёри забон надорем».
Ба андешаи Саттор Турсун, мушкили харобшавии забонро наметавон танҳо бо овезаи мағозаҳо ва номи марказҳои тиҷорат хулоса кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто мансабдорони баланде, ки дар соҳаи маориф масъул ҳастанд, аз ифодаҳои нодурусте ба монанди «мориф», «малим» истифода мекунанд.
Дар навбати худ Марҳабо Ҷабборова, муовини сарвазири ҶТ аз паст шудани маданияти сухан ва зиёд шудани навиштаҳои пурғалат, бемантиқ, тарҷумаҳои таҳтуллафзии бемаъно, ба мисли «Мо кушода шудем» изҳори нигаронӣ кард. Ба андешаи ӯ, чунин ҳолат дар радиову телевизион ва нашрияҳо зиёд ба назар мерасад. Вай афзуд: «Махсусан, дар рӯзномаҳои шахсиву озод ҳарҷу марҷи зиёде дар мавриди забони навиштаву гузоришҳо ба чашм мерасад. Дар ҳар гуна ҷомеа телевизионро, ки бинандаи зиёд дорад, мактаби ҳамагонӣ меноманд. Ин рисолатро бояд шабакаҳои телевизионҳои давлатии мо ҳам ба ӯҳда гиранд ва намоиши барномаҳояшонро ба таври ҷиддӣ назорат баранд».
Ҳамзамон Саттор Турсун ифодаҳои зиёдеро аз ВАО мисол овард, ки корбурди онҳо нодуруст мебошад. Аз ҷумла: либоса, хӯрока, пӯшока, нарина, модина, зиёда қариб аз 10 кас, хуррамгардонӣ, дастаҳои духтарона, дар ин ташкилотҳо, деҳаи ба номи Рамазон Файзиев, хати нави обрасонӣ ва амсоли ин, ба қавли номбурда, забони тоҷикиро хароб месозанд.



