Талаби раиси Хатлон оид ба омодагӣ ба мавсими киштукор

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз раёсати давлатии хоҷагии оби вилоят талаб кард, то саривақт шабакаҳои обрасониро барои мавсими нави обёрӣ омода намояд. Чуноне ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси вилоят аз ин сохтор талаб кардааст, ки заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза ва пойгоҳҳои обкаширо таъмиру тармим намуда, […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз раёсати давлатии хоҷагии оби вилоят талаб кард, то саривақт шабакаҳои обрасониро барои мавсими нави обёрӣ омода намояд.

Чуноне ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси вилоят аз ин сохтор талаб кардааст, ки заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза ва пойгоҳҳои обкаширо таъмиру тармим намуда, ба мавсими нави обёрӣ омода намоянд. 

Ҳамчунин Гулмаҳмадов аз сардори раёсати номбурда ба зерсохторҳои он дар шаҳру навоҳии вилоят дастур дод, ки ҷамъоварии  ҳаққи хизмати обрасониро аз истифодабарандагон саривақт ҷамъоварӣ намоянд.

Гулмаҳмадов ба сарраёсати кишоварзии вилоят низ дастур додааст, ки заминҳоро саривақт аз ғӯзапоя тоза намуда, шудгорро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд. «Замин бояд то давраи кишти баҳорӣ дам гирад ва дар ин сурат метавонем аз он ҳосили баландро интизор шавем», – илова кард манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.