АНМН: Мусодираи 93 кило мухаддирот ва муҳимоти ҷангӣ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар якчанд амалиёти муассир гузарониданд, ки дар натиҷаи онҳо канали интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон баста шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони маводи мухаддир ва муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Амалиёти якум дар ҳудуди шаҳри […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар якчанд амалиёти муассир гузарониданд, ки дар натиҷаи онҳо канали интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон баста шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони маводи мухаддир ва муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Амалиёти якум дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо истифода аз усули “таҳвили назоратшаванда” гузаронида шуд.Яъне, дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби кормандони оперативӣ 2 кило афюн гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар аз ҷониби кормандони АНМН дар ноҳияи наздисарҳадӣ бо ҶИА – ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сурат гирифт. Дар ҷараёни  амалӣ намудани маълумоти оперативӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 91 кило бангдона, як дона гранатаи (буми) дастӣ РГД-5 ва тирҳои автомати Калашников мусодира гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки барои ҷинояти содиршуда шаҳрванди 39 солаи ҶТ дастгир карда шуд.Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, ашхоси дастгиршуда ба тавқифгоҳи муваққатии АНМН ба ҳабс гирифта шуданд.Оид ба дастгир кардани  ҳамаи шарикони дар ҷиноятҳои мазкур дастдошта, чораҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.