«ТАЛКО» аз барои «РусАЛ» муносибатҳои Тоҷикистону Русияро халалдор карданӣ нест

Мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) аз барои ширкати «РусАЛ» муносибатҳои Тоҷикистону Русияро халадор карданӣ нест. Директори молиявии корхонаи «ТАЛКО» Шералӣ Кабиров имрӯз зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки «мо намехоҳем, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо бо ин корхона ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русия ҳам дар иқтисоду ҳам дар сиёсат мухолиф […]

Пайрав Чоршанбиев


Мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) аз барои ширкати «РусАЛ» муносибатҳои Тоҷикистону Русияро халадор карданӣ нест.

Директори молиявии корхонаи «ТАЛКО» Шералӣ Кабиров имрӯз зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки «мо намехоҳем, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо бо ин корхона ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русия ҳам дар иқтисоду ҳам дар сиёсат мухолиф бошанд ва барои роҳ надодан ба чунин вазъ, мо аз тамоми имокноти мавҷудаамон истифода мекунем», – гуфт Кабиров.

Дар робита ба мурофиаи судӣ миёни «ТАЛКО» ва корхонаи фаръии «РусАЛ» – Hamer Investing Ltd Кбиров зикр кард, ки ин ширкат бо корхона ҳамагӣ муддати якуним сол ҳамкорӣ дошт ва имрӯз тавассути суди Швейтсария аз онҳо пардохти маблағи зиёдеро тақозо дорад. «Ин талабот бозгӯи он аст, ки онҳо на он қадр боинсоф будаанд, ки чунин мавқеъгирии худро зоҳир мекарданд», – таъкид дошт ӯ.

Ба қавли Кабиров, мақомоти раҳбарии корхона аз он дар ҳайрат аст, ки «мурофиаи ҳакамӣ, ки бояд махфӣ мегузашт, ошкоро ҷараён гирифт». «Имконоти зиёде мавҷуданд, ки тариқи он метавон ин масъаларо дар доираи манфиатҳои мо ва манфиатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасл намуд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли ҷорӣ суди ҳакамии Швейтсария қарор кард, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба корхонаи фаръии «Русал» – Hamer Investing Ltd барои зиёни расида бо шумули тамоми хароҷоти судӣ бояд 275 млн. $

маблағ пардохт намояд.

Ҳамчунин нимаи моҳи ноябр сохтори фаръии ширкати муттаҳидаи РУСАЛ (Русский алюминий) – Alumina & Bauxite Co. Ltd. (Albaco) бобати

таъини барҳамдеҳи ширкати CDH Investments Corp

. ба Суди олии Кариби Шарқӣ ариза дод.

Тавре дар иттилоияи РУСАЛ зикр гардида буд, CDH Investments Corp. тариқи ҷадвалҳои толлингӣ ба таъмини Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо гилхок машғул буда, маҳсулоти тайёри онро ба фурӯш мегузошт. Albaco дар бораи таъмини барҳамдеҳи CDH Investments Corp ба суд ариза дод, то ки маводи махфии ширкати CDN-ро дастрас намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.