Раиси Кӯлоб 50% навбатдорони манзилро бо замин таъмин карданист

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар бораи ҷудо кардани 170 гектар қитъаи замин дар канори шаҳр ва 362 гектар дар ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони манзили инифродӣ қарор ба имзо расонид. Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар мақомоти шаҳрдорӣ ҳудуди 8 ҳазор адад аризаҳо бо дархости […]

Турко Дикаев


Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар бораи ҷудо кардани 170 гектар қитъаи замин дар канори шаҳр ва 362 гектар дар ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони манзили инифродӣ қарор ба имзо расонид.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар мақомоти шаҳрдорӣ ҳудуди 8 ҳазор адад аризаҳо бо дархости ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷамъ шуда, ин иқдом мушкилоти 50%-и навбатдорон барои гирифтани қитъаи заминро ҳал мекунад.

«Мо ҳамасола барои сохтмони манзили зисти инифродӣ як миқдори муайян қитъаи замин ҷудо мекунем, вале бинобар сабаби муддати 20 соли ахир ба сохтмони манзили зист имкон надоштани мақомоти шаҳрдорӣ, мушкилоти таъмин бо манзили зист дар шаҳр сол то сол печидатар мешаванд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки соли равон ба 545 оила барои сохтмони манзили зист замин ҷудо гардидааст.

Сармеъмори шаҳр изҳори умедворӣ кард, ки қарори раиси шаҳр дар ҳукумати вилояти Хатлон дастгирӣ ва дар муддати кӯтоҳ тасдиқ шуда, ба афроди ниёзманд ба қитъаи замин барои бунёди манзиди зист ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз кардани сохтмон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.