Путин қонун дар бораи “манзилҳои резинӣ”-ро имзо кард


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи “манзилҳои резинӣ”-ро имзо кард, ки қайди расмии иқомати муҳоҷирони кишварҳои дигарро дар як манзил маҳдуд мекунад.

Чӣ тавре ки расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, барои вайрон кардани меъёрҳои ин қонун шаҳрвандони рус ва 

муҳоҷирони


 


хориҷӣ минбаъд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Дар он роҷеъ ба “қайди қалбакӣ”-и шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия махсусан зикр шудааст, ки зимни ошкор шудани нақзи қонун нафари гунаҳкор аз 100 то 500 ҳазор рубл ҷарима баста мешавад, ё ин ки то се сол ба корҳои маҷбурӣ ҷалб хоҳад шуд ва ё ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Ҳамчунин агар муҳоҷирони шаҳрванди ин ё он кишвар ё афроди бидуни шаҳрвандӣ дар як манзил аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шаванд, ё худро дар як макон ба қайд гузоранду дар ҷойи дигар иқомат дошта бошанд ва ё дар як шаҳр кор кунанду қайди расмиашон дар шаҳри дигар бошад, водор ба ҷавобгарӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва баъзе кишварҳои дигар дар Русия бештар дастаҷамъона дар як манзил иқомат мекунанд. Аз 10 то 20 ва ҳатто 30 нафар дар як манзил истиқомат мекунанд ва қайди расмиашон ҳам аз меъёр зиёд аст. Ибораи “манзили резинӣ” ҳам чунин маъно дорад, ки дар як манзили хурд сокинони аз ҳад зиёд ҷой дода мешаванд.

Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ мегӯянд, ки қабули ин гуна қонунҳо дар бораи муҳоҷират бар асоси манфиатҳои миллӣ ва амниятии кишвари қабулкунанда сурат гирифта, дар айни замон низоми будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан, муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия шадидтар ва мушкили онҳоро бештар мекунад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар бояд аз ин гуна қонунгузориҳо ҳамаҷониба огоҳ бошанд ва дар сабти ному дарёфти иҷозаи кор муқаррароти қонунро риоя кунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин қонун асосан бо мақсади шадидтар кардани иқомати муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул шудааст. Зеро бо қабули ин қонун имкон дорад, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёбад.

Дилшоди Абдуҷалил, муҳоҷири тоҷики муқими Маскав гуфт, ки вақте 10-15 муҳоҷир дар як манзил иқомат мекунанд, ин ба суди онҳо ва оилаҳояшон аст. Зеро аз ин ҳисоб иҷорапулии хонаро камтар месупоранд ва маблағи корашон зиёдтар ҷамъ мешавад. Агар ду-се нафарӣ дар як манзил иқомат кунанд, шояд ба хонаводаи худ пул фиристода натавонанд.

Ба қавли ӯ, феълан дар Маскав як манзили дорои се ҳуҷра аз 60 то 70 ҳазор рубл ва аз ин ҳам бештар ба иҷора дода мешавад, ки агар 5 нафар дар он иқомат кунанд, дар моҳ ҳар яки онҳо 12 ҳазор рублӣ бояд пардохт намоянд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Дилшод, муҳоҷирони меҳнатӣ дар моҳ ба ҳисоби миёна аз 20 то 30 ҳазор рубл даромад доранд. Агар 12 ҳазор рубл пули иҷораи манзилро пардозанд, 10 ҳазори дигар барои роҳкиро ва ғизояшон дар як моҳ сарф мешавад. Дар ин сурат он нафароне, ки дар як моҳ то 20 ҳазор даромад доранд, маҷбур мешаванд, ки кори дигаре пайдо кунанд ё ба ватан баргарданд.

Дилшоди Абдуҷалил чунин мешуморад, ки солҳои охир ҳукумати Русия ба хотири кам кардани шумораи муҳоҷирон қонунҳои зиёдеро қабул кардааст, ки фаъолият дар ин кишварро барои қувваи кории муҳоҷир маҳдуд месозад.

Аз ҷумлаи маҳдудиятҳое, ки то ҳол Русия барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст, метавон инҳоро ном бурд: ҷорӣ кардани патент ва иҷозаи кор бо пардохти муайян, манъ кардани фаъолияти ронандаи муҳоҷир дар ширкатҳои давлативу хусусӣ, маҳдудият дар мавриди рондани мошинҳои шахсӣ аз ҷониби муҳоҷирон бо ҳуҷҷати ронандагии давлати худ, ба лагерҳо бурдан ва кор фармудани муҳоҷирон ва инак, қонун дар бораи “манзилҳои резинӣ”.


Акс аз РИА Новости, Илья Питалев.

spot_imgspot_img

Популярное