Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хариду фурӯши ғуломон

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон оид ба ворид намудани моддаи 133, дараҷ. 2 «Хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати ғуломон» ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарор қабул шуда, муҳлати ҷазо мутобиқи ин модда аз 5 то 12 солро ташкил медиҳад. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқов изҳор кард, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон оид ба ворид намудани моддаи 133, дараҷ. 2 «Хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати ғуломон» ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарор қабул шуда, муҳлати ҷазо мутобиқи ин модда аз 5 то 12 солро ташкил медиҳад.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқов изҳор кард, ки дар саросари ҷаҳон имрӯз ҳудуди 27 млн. нафарро ба сифати ғуломон истифода мекунанд. «Дарн кишварҳои пасошӯравӣ ин нишондиҳанда беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил дода, даромади солона аз хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати онҳо зиёда аз 9,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин мушкилот дар тамоми ҷаҳон муҳиму рӯзмарра буда, Тоҷикистон низ истисно нест», – гуфт ӯ.

Холиқов иттилоъ дод, ки бо пешниҳои ҳукумат ба Кодекси ҷиноӣ ворид намудани модда барои истифодаи кӯдакон дар таҳияи маводи порнографӣ низ дар назар аст. «Ин ҷиноят низ ба сафи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомил аст. Ҳамчуни касоне, ки маводи порнографиро паҳн мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд», – афзуд номбурда.

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодоти зикршуда ва ҳамчунин ташаббуси ҳукумат дар бораи ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати муассисони ширкатҳои якрӯзаро дастгирӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.