«Тоҷиксемент» ба ивази оташдони дуюм шурӯъ мекунад

Мутахассисони ширкати чинии Beijing Uni-Construction Group Co. ба корҳои омодагии таҷдиди оташдони дуюми корхонаи «Тоҷиксемент» оғоз карданд. Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз 6 оташдони корхонаи «Тоҷиксемент» 1-тоаш азнавсозӣ шуда, акнун ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунад ва корҳои такмили он то ҳанӯз идома доранд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва […]

Заррина Эргашева


Мутахассисони ширкати чинии Beijing Uni-Construction Group Co. ба корҳои омодагии таҷдиди оташдони дуюми корхонаи «Тоҷиксемент» оғоз карданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз 6 оташдони корхонаи «Тоҷиксемент» 1-тоаш азнавсозӣ шуда, акнун ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунад ва корҳои такмили он то ҳанӯз идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, иқтидори оташдон истеҳсоли 600 тонна семент дар як шабонарӯз ва оташдони дуюм низ иқтидораш ҳамин миқдор хоҳад буд.

«Маблағи қарордоди дуюм низ 7,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 150 ҳазор доллараш ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва боқимонда маблағи ширкати чинӣ ба сифати қарзи бефоиз аст. Муҳлати пардохти қарз 2 сол буда, анҷоми ивази таҷҳизот дар оташдони дуюм моҳи марти соли 2014 дар назар аст», – гуфтанд дар вазорат.

Маврид ба ёдоварист, ки аз оғози сол то моҳи октябр «Тоҷиксемент» бар асари мавҷуд набудани гази табиӣ аз фаъолият бозмонда буд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 235 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд, ки 203 ҳазор тоннаш дар ин корхона истеҳсол гардида буд.

Тоҷикистон асосан аз Покистон семент мехарад, ки ҳаҷми солонаи воридоти он аз ин кишвар ҳудуди 1,7 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи «Тоҷиксемент» ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент баробар аст, вале ягон бор корхона тибқи иқтидори лоиҳавӣ махсулот истеҳсол накардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.