Испания корхонаи бузурги мурғпарварии ҷанубро бо таҷҳизот таъмин мекунад

Ширкати «Далекси тренд»-и Испания барои муҷаҳҳаз намудани корхонаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 19 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ҷиҳати сохтмони корхонаи мазкур соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ёвон Исломиддин Ҳакимов 4,8 […]

Аваз Юлдошев


Ширкати «Далекси тренд»-и Испания барои муҷаҳҳаз намудани корхонаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 19 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ҷиҳати сохтмони корхонаи мазкур соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ёвон Исломиддин Ҳакимов 4,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

«Корхона бо иқтидори истеҳсоли 2,8 тонна гӯшти мурғ дар як сол моҳи марти соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта, 70 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ дар он таъмин мегарданд», – зикр кард Шарифзода.

Дар идома ӯ қайд кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз палатаи поёнии парлумон дархост мекунад, ки воридоти таҷҳизот ба корхона аз ҷониби ширкати Испания ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ ва якдилона ин пешниҳоди ҳукуматро дастгирӣ намуда, ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» тасҳеҳоти зарурӣ ворид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.