Ҷонибдорони Зайд Саидовро суд ҷаримабандӣ кард


Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт панҷ тан аз ҷонибдорон ва хешони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро барои итоат накардан ба кормандони милиса, ки талаби тарки қаламрави тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-ро аз онҳо тақозо доштанд, ҳар кадомеро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Дар ин бора адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод.

Аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва хешони Зайд Саидов – Саидмаҳбуб Тоҳиров, Файзиддин Арчаев ва Икром Абдуллоев ҷаримабандӣ шуданд.

Тибқи баъзе маълумот, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров ва коргардон Барзу Абдураззоқов, ки ҳамон рӯз дар назди бинои тавкифгоҳи муваққатии КДАМ ҳузур доштанд, шояд низ бозпурсӣ шаванд.

Қобили зикр аст, ки санаи 25-уми декабри соли равон соҳибкори маъруф Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

spot_imgspot_img

Популярное