Ҷонибдорони Зайд Саидовро суд ҷаримабандӣ кард

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт панҷ тан аз ҷонибдорон ва хешони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро барои итоат накардан ба кормандони милиса, ки талаби тарки қаламрави тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-ро аз онҳо тақозо доштанд, ҳар кадомеро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Дар ин бора адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод. Аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави […]

ASIA-Plus


Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт панҷ тан аз ҷонибдорон ва хешони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро барои итоат накардан ба кормандони милиса, ки талаби тарки қаламрави тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-ро аз онҳо тақозо доштанд, ҳар кадомеро дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Дар ин бора адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод.

Аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва хешони Зайд Саидов – Саидмаҳбуб Тоҳиров, Файзиддин Арчаев ва Икром Абдуллоев ҷаримабандӣ шуданд.

Тибқи баъзе маълумот, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров ва коргардон Барзу Абдураззоқов, ки ҳамон рӯз дар назди бинои тавкифгоҳи муваққатии КДАМ ҳузур доштанд, шояд низ бозпурсӣ шаванд.

Қобили зикр аст, ки санаи 25-уми декабри соли равон соҳибкори маъруф Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.