С.Аслов котиби генералии СААД-ро ба ҳузур пазируфт


Рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи қарорҳои қабулшудаи ҷаласаи Шўрои амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи сентябри соли равон дар ш.Сочи баргузор гардида буд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин ба масоили таҳкими минтақаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамоҳангии амалиёти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмон дар ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное