Анонс
– Бо мақсади таваҷҷуҳ ба мушкилоти поймолсозии ҳуқуқи журналистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷомеаи журналистии Тоҷикистон дар бораи эътирози сесоатаи огоҳкунанда тасмим гирифт. ВАО-и мустақили интернетӣ муддати се соат – аз соати 08:00 то 11:00 фаъолияти худро қатъ мекунанд;
– Ба оғози фаъолияти лоиҳаи Tonigh.tj 2 сол ва маҳфили шомгоҳии «Manhattan» 1 сол пур мешавад. Баҳри таҷлили ин ҷашнҳо дастандаркорон ҳамаро соати 21:00 ба «Manhattan» даъват мекунанд. Барои бонувон воридшавӣ ройгон аст;
-Аз 26 то 30-юми декабр дар Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба билярд (саққобозӣ) миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад. Дар он 5 даста аз навоҳии тобеи марказ, ду дастагӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 1 дастагӣ аз вилояти Суғд ва ВМКБ ширкат меварзанд;
Қурби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7729
сомонӣ;
1
евро
– 6.4800
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.147
4
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1932
– Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.
1933
– Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.
1930
– Зодрӯзи олими адабиётшинос Саидумар Султонов.
1937
– Мавлуди доктори улуми физикаву математика Муҳаббат Каримова.
1939
– Зодрӯзи доктори улуми кимиё, профессор Самариддин Каримов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -1-6.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -9-14, рӯзона -4+1; дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -7-12.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.



