Кумаки «Тоҷикстандарт» ба мактаб-интернати ноҳияи Румӣ

«Тоҷикстандарт» ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сарулибоси гарм туҳфа кард. Бино ба гуфти директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев, дар арафаи соли нави милодӣ корхонаи онҳо ба тарбиятгирандагони мактаб – интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ сарулибоси гарм тақдим карданд. «Корхонаи мо,  ки ин мактаб-интернатро парасторӣ […]

Сайраҳмон Назриев


«Тоҷикстандарт» ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сарулибоси гарм туҳфа кард.

Бино ба гуфти директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев, дар арафаи соли нави милодӣ корхонаи онҳо ба тарбиятгирандагони мактаб – интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ сарулибоси гарм тақдим карданд.

«Корхонаи мо,  ки ин мактаб-интернатро парасторӣ мекунад, дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо мо ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат кумакҳои молӣ мерасонем», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин барои тарбиятгирандони мактаб-интернати номбурда туфаҳои солинавӣ низ тақдим карда шуд. «Баъдан дар рӯзҳои соли нав ният дорем, барои онҳо дастурхони идона ташкил намуда, хотирашонро болида намоем»,- илова намуд Валиев.

Як манбаъ аз ноҳияи Вахш хабар дод, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ният дорад шахсан ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Вахш кумаку туҳфаҳои солинавӣ супорад.

Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилоят дар як ҷаласа ба ташкилоту идораҳои давлати супориш дода буд, ки дар арафаи соли нав ба мактаб-интернатҳо, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва иштирокчиёни ҶБВ кумаки хайрия расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.