Журналистон вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилиро тақозо доранд

Як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва чанде аз сардабирони нашрияҳои мустақил аз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дархости мулоқоти рӯ ба рӯ карданд. Нома бо чунин дархост ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол шудааст, ки матнаш дар зер оварда мешавад: “Мо, дар зер имзогузоштагон – роҳбарони созмонҳои журналистӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва чанде аз сардабирони нашрияҳои мустақил аз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дархости мулоқоти рӯ ба рӯ карданд.

Нома бо чунин дархост ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол шудааст, ки матнаш дар зер оварда мешавад:

“Мо, дар зер имзогузоштагон – роҳбарони созмонҳои журналистӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо талаби мулоқот барои ҳалли қазияи боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва лату кӯби журналисти ожонсии хабарии “Озодагон” – Абдураҳим Шукуров бо талаби мулоқот муроҷиат мекунем.

А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳукми Зайд Саидов бароварда мешуд, дастгир гаштааст. Наворгири “Озодагон” Аабдураҳим Шукуров дар баробари журналистони дигар ба иҷрои вазифаи касбии худ машғул буд.

Чуноне ба мо маълум шуд, Абдураҳим Шукуров ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки мо бовар дорем, ӯ ғайриқонунӣ дастгир ва маҳкум гардидааст. Чунки ягон тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардааст ва чандин шоҳид низ инро таъйид карда метавонанд.

Ҳамчунин, ҳангоми дастгир кардан, кормандони ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбат ба ӯ аз зӯр кор гирифтаанд, ки инро низ шоҳидон дидаанд. Ҷомеаи журналистони тоҷик ба қароре омаданд, ки даст ба корпартоии пешакии сесоата даст зананд – мо кори худро аз соати 8:00 то 11:00 рӯзи 27 декабр бозмедорем.

Ҳал нашудани ин масъала – яъне рад кардани мулоқот бо намояндагони ВАО, созмонҳои журналистӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ аз тарафи Рамазон Раҳимов ба корпартоии дарозмуддат мерасонад».


Имзо гузоштанд:


Акбаралӣ Сатторов

, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Нуриддин Қаршибоев

, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон


Қироншоҳ Шарифзода

, раҳбари Шӯрои ВАО


Рустами Ҷонӣ

, «Медиа-Ориёно» ва “ИмрӯзNews”


Зинатулло Исмоилов

, Ассосиатсияи истеҳсолгарон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ


Зафар Сӯфӣ

, гуруҳи расонаҳои “Озодагон”


Саймуддин Дӯстов

, нашрияи «Нигоҳ»


Хилватшоҳи Маҳмуд

, хабаргузории «Озодагон»


Шаҳло Акобирова

, роҳбари СҒД “Хома”


Гулнора Амиршоева

, Медиа-алянси Тоҷикистон


Набӣ Юсупов

, СҒД “Медиаконсалтинг”


Олга Тутубалина

, нашрияи «Asia-Plus»


Хуршед Атовулло

, газета «Фараж»,


Ҷамшед Улмасов

, хабаргузории «Авеста»


Сайёфи Мизроб

, ҳафтаномаи «СССР»


Маҳмадалӣ Мақсадулло

, ҳафтаномаи “Чархи Гардун”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.