Ҷалби муассисони «Тоҷикистони нав» ба ҷавобгарии маъмурӣ

Нисбати гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки рӯзи 25-уми декабр ҷиҳати дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҳузур доштанд, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Айни замон Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва чор нафар хешони соҳибкор барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар назди тавқифгоҳи муваққатии КДАМ зимни […]

ASIA-Plus


Нисбати гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки рӯзи 25-уми декабр ҷиҳати дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҳузур доштанд, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Айни замон Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва чор нафар хешони соҳибкор барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар назди тавқифгоҳи муваққатии КДАМ зимни содир шудани ҳукм нисбати Зайд Саидов дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доранд.

Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз онҳо ба шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оварда шудаанд.

«Ин шахсон ҳамту дар қаламрави тавкифгоҳи муваққатӣ ҳузур доштанд. Онҳо ҳатто дар хотимаи содир шудани ҳукм омаданд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардаанд», – зикр кард Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки маҳз Зайд Саидови рӯзи 25-уми декабр ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» дониста мешуд.

Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо журналистон изҳор намуд, ки онҳо ба амалисозии нақшаҳои Зайд Саидов оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ

идома мебахшанд.

«Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Зайд Саидов изҳор кард, ки дар куҷое қарор надошта бошад, ба кори худ идома медиҳад ва ин даъват аз мо, аз ҳамфикронаш буд. Ин маънои онро дорад, ки мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври қонунӣ тибқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ин ҳизбро таъсис диҳем», – гуфт ҳуқуқшинос.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.