ААИ сарчашмаи асосии даромади буҷет боқӣ мемонад

Дар зарфи се соли наздик беш аз 40%-и даромади умумии ҷории буҷети давлатии Тоҷикистонро маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ташкил хоҳанд дод. Дар нишондиҳандаҳои лоиҳавии даромади буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2014-2016 зикр мегардад, ки соли оянда ҳаҷми даромад аз ин навъи андоз 4 млрд. 669,4 млн. сомонӣ (42,8% аз ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи се соли наздик беш аз 40%-и даромади умумии ҷории буҷети давлатии Тоҷикистонро маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ташкил хоҳанд дод.

Дар нишондиҳандаҳои лоиҳавии даромади буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2014-2016 зикр мегардад, ки соли оянда ҳаҷми даромад аз ин навъи андоз 4 млрд. 669,4 млн. сомонӣ (42,8% аз ҳаҷми даромади умумӣ), соли 2015 – 5 млрд. 311,5 млн. сомонӣ (42%) ва соли 2016 – 6 млрд. 126,5 млн. сомонӣ (42,1%) пешбинӣ мешаванд.

Андоз аз даромад (ҳамасола ҳудуди 17%), андози иҷтимоӣ (13%), маблағҳои ғайриандозӣ (ҳудуди 8%), боҷи содиротӣ (5%), аксизҳо (тақрибан 4%) низ аз ҷумлаи сарчашмаҳои асосии даромади буҷети давлатӣ зикр гардида, коҳиши даромадҳо аз андози фурӯши нахи пахта ва алюминий аз 1,4% дар соли 2014 то ба 1,1% дар соли 2016 дар назар аст.

Дар нишондиҳандаҳои лоиҳавии Вазорати молияи ҶТ даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 10,9 млрд. сомонӣ, соли 2015 – беш аз 12,6 млрд. сомонӣ ва соли 2016 – зиёда аз 14,5 млн. сомонӣ нишон дода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.