Парлумон аз озмуни инъикоси масоили экологӣ натиҷагирӣ кард


Ахири ҳафтаи сипаришуда комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз озмун миёни журналистон барои беҳтарини мавод дар бораи мушкилоти экологии ҷумҳурӣ натиҷагирӣ кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадлато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумон, ба мақоми аввал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ Ҳасан Асоев барои мақолаҳои «Экологические проблемы Рогуна» ва «Экотуризм Сари Хосора», ба ҷойи дуюм ва мукофотплӣ дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ Тилав Расулзода барои мақолаҳои «Когда зашумят леса?» ва «Нам выгоды, вам выбросы» ва ба зинаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ Далер Мерганов барои мақолаҳои «Использование гидроэнергетических ресурсов основа развитяи» ва «Судьбоносный объект» сазовор дониста шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар озмуни аз санаи 13-уми январи соли 2013 эълонгардида дар маҷмӯъ 20 нафар журналистони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

spot_imgspot_img

Популярное