Ёддошти эътирози ВКХ Тоҷикистон ба сафорати Русия

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматшоев Ш.М., ки ҷасади сар аз тан ҷудокардаи ӯ бо ҷароҳатҳои зиёди кордӣ дар ҷанубу ғарбии Москва (26 декабри соли 2013) пайдо карда шуд, ба Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ҷониби […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматшоев Ш.М., ки ҷасади сар аз тан ҷудокардаи ӯ бо ҷароҳатҳои зиёди кордӣ дар ҷанубу ғарбии Москва (26 декабри соли 2013) пайдо карда шуд, ба Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ҷониби Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки бо мақсади муайян кардан ва ҷазо додани шахсони гунаҳкори ин куштор бетаъхир тафтишоти беғараз ва холисона гузаронида шавад.

Ҳамчунин дар мавриди ин қазия Тоҷикистон нисбат ба бегонаситезӣ (ксенофобия) ва миллатгароие, ки вақтҳои охир бештар дар воситаҳои ахбори оммаи алоҳидаи Россия ба назар мерасад ва аз ҷониби қисми аҳолии он кишвар, ки назари иртиҷоӣ (радикал) доранд, дастгирӣ меёбад, нигаронии шадид ва изтироб баён кардааст.

Изҳори таассуф карда мешавад, ки баъзе аз ходимони ҷамъиятии Россия ба таблиғоти бегонаситезӣ (ксенофобия), ки натиҷаи он чунин ҷиноятхои мудҳиш мешаванд, бетафовутӣ зоҳир менамоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.