Миёни осебдидагон аз амали террористӣ дар шаҳри Волгогради Русия шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон Ғозиев Раҳмоналӣ Маликович ҳузур дорад.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, феълан ӯ дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и шаҳри Волгоград қарор дорад. «Вай ҳарчанд аз ҳолати мадҳушӣ берун омадааст, аммо вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад», – хабар медиҳад сафорат.
Зикр мегардад, ки дар рӯйхате, ки мақомоти русӣ нашр кардаанд, ному насаби ҳамдиёри мо иштибоҳан – Гордеев Раҳмун Алӣ омадааст.
Гуфта мешавад, сафири кишвар ҷараёни ин ҳодисаи хунин ва вазъи ҳамдиёри моро шахсан таҳти назорат гирифта, хадамоти консулгарии Сафорат бо мақомоти дахлдор ва бемористон дар тамос хоҳад буд.



