С.Аслов сафири Японияро ба ҳузур пазируфт


Дар арафаи Соли нави мелодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳолати кунунии густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон миннатдории худро ба Ҳукумати Япония ҷиҳати мусоидат баҳри амалигардонии як қатор лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳор намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо Япония дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаҳои вазъияти кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, дастгирии бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи япониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное