С.Аслов сафири Японияро ба ҳузур пазируфт

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳолати кунунии густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон миннатдории худро ба […]

ASIA-Plus


Дар арафаи Соли нави мелодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳолати кунунии густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон миннатдории худро ба Ҳукумати Япония ҷиҳати мусоидат баҳри амалигардонии як қатор лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳор намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо Япония дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаҳои вазъияти кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, дастгирии бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи япониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.