Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо дабири кулли TATSIAD (Иттиҳодияи соҳибкорон-сармоягузорони тоҷику турк) Қодир Семал Гурса мулоқот орост.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар бахши тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифта, Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои соҳибкорони туркӣ, рушди устувори ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва мароқи доираҳои кории Тоҷикистон оид ба роҳандозии тиҷорати муштарак бо соҳибкорони Туркия ҷалб намуд.
«Дар ҳамин ҳол, имрӯз Тоҷикистон ба дастрасии таҷҳизот ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар бахши коркарди нахи пахта, пӯсту пашм ва сабзавоту мева ниёз дорад», – иброз дошт раиси ПСС ҶТ.
Қодир Семал Гурса дар навбати худ зикр кард, ки муносибатҳи ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар ҳоли рушду устувор қарор дошта, дурнамои хуб доранд. «Дар ин самт саҳми палатаҳои савдо ва саноат ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишварҳо беандоза бузург аст, ки кӯшишҳои онҳо баҳри расидан ба натиҷаҳои мушаххас равона шудаанд», – гуфт ӯ.



