Дар нақби «Истиқлол», ки сохтмонаш то ҳанӯз комилан ба итмом нарасидааст, аз ҷониби корхонаи истифодабарии роҳҳои «Айнӣ» корҳои таъмиру барқароркунӣ оғоз гардиданд.
Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корҳои таъмир дар нақб, аз қабили пӯшонидани чуқуриҳо, ивази дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда ва ғайра аз ҳисоби воситаҳои буҷет ва бо супориши вазири нақлиёт анҷом дода мешаванд.
«Аз нақб партови сохтмонӣ ба берун кашонида шуда, 700 метри мураббаъи нақб барқарор карда шуд. Муддати як ҳафта барои корҳои сохтмонӣ, харидории сӯзишвории дизелӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид», – иброз доштанд дар Вазорати нақлиёт.
Зимнан зикр гардид, ки гуфтушунидҳо бо ҳукумати Эрон оид ба масоили ҷудо кардани воситаҳо барои комилан ба итмом расонидани сохтмон ва бозсозии нақби «Истиқлол» идома доранд, вале аз кадом натиҷае дар онҳо ҳарф гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо намояндагони сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев даъват ба амал овард, ки ба корҳои анҷоми бозсозии нақби «Истиқлол» ҳарчи бештар
суръат бахшида шавад.
Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар рафъи мушкилот таъҷилан оғоз нагардад, ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт дар нақб ғайриимкон мегардад.
Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.
Даҳаи дуюми моҳи апрели соли 2013 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.



