Консулҳои фахрӣ барои хизматрасонӣ аз муҳоҷирон бештар пул мегиранд

Як маълумотномаи бозгашт ба ватанро, ки 200 рубл арзиш дорад, муҳоҷирон аз дасти консулҳои фахрии Тоҷикистон дар Русия бо арзиши 2,5 ҳазор рубл дастрас мекунанд. Ин нуктаро Нодира Абдуллоева, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон зикр кард ва гуфт, ки созмони онҳо ҳар сол ба 4 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик маълумот медиҳад. Дар як вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ […]

Исфандиёр Халилов


Як маълумотномаи бозгашт ба ватанро, ки 200 рубл арзиш дорад, муҳоҷирон аз дасти консулҳои фахрии Тоҷикистон дар Русия бо арзиши 2,5 ҳазор рубл дастрас мекунанд.

Ин нуктаро Нодира Абдуллоева, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон зикр кард ва гуфт, ки созмони онҳо ҳар сол ба 4 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик маълумот медиҳад. Дар як вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти консули фахрии Санкт Петербургро бо назари интиқод баҳо додаанд. Муҳоҷирон гуфтаанд, ки консул метавонад аз як маълумотномаи бозгашт ба ватан, ки 200 рубл арзиш дорад, камаш 2,5 ҳазор ситонад.

Абдуллоева пешниҳод кард, ки барои шаффофият дар самти хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ягон нархнома тартиб дода шавад, то созмони Маркази ҳуқуқи инсон тавонад ба муҳоҷирон дар ин бора маълумот диҳад ва нархномаро дастраси онҳо гардонад.

Дар ҳамин ҳол намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Муродбек Асламов мегӯяд, ки дар ҳудуди Русия маҷмӯи нархномаи расмии хизматрасонии консулӣ мавҷуд аст, ки аз тарафи Вазорати молияи ҶТ ва ВКХ ҶТ тасдиқ шудааст. Консулҳои фахрӣ аз рӯйи ин нархнома кор мекунанд. Ба қавли ӯ, ин маълумот дар сомонаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия низ вуҷуд дорад.

Аммо Нодира Абдуллоева гуфт, ки ин сомонаро аз назар мегузаронад ва он ҷо на ҳамаи маълумот оварда шудааст. Ба хусус дар мавзӯи консулҳои фахрӣ ва хизматрасонии онҳо чизе навишта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки консулҳои фахрӣ маош намегиранд ва аз ҳисоби худ ва шаҳрвандони давлати худ, ки иқоматкунандаи кишвари дигар ҳастанд, фаъолияти худро идома медиҳанд. Зеро давлат барои маош додан ба онҳо имкон надорад. Дар ин росто Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива +” гуфт, ки агар консули фахрӣ маош нагирад, хоҳ-нохоҳ аз муҳоҷирон барои хизматаш ҳақ талаб мекунад. Зеро барои кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вақт сарф мешавад. Вай афзуд: “Барои аз байн рафтани муомилоти коррупсионӣ ҳукумат бояд ба консулҳои фахрӣ маош таъин кунад. Тасаввур кунед, ки аз Иркутск то Маскав тариқи ҳавопаймо 6-7 соат роҳ аст. Дар Маскав ба меҳмонхона меравад, хӯрок, роҳкиро ва иҷорапулӣ хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Ҳеч вақт консул ҳамаи ин хароҷотро аз кисаи худаш намедиҳад. Албатта, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ хуб аст, ки консулҳои фахрӣ бошанду ба мардум кӯмак кунанд. Аммо ман ба кӯмаки ройгон чандон бовар надорам. Ин ҷо давлат ӯҳдадор аст, ки ба шаҳрвандон кӯмаки ройгон расонад”.

Мавҷудияти чунин норасоиҳоро Музаффар Ашуров, сардори шуъбаи кафолатҳои конститусионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроия Президенти ҶТ муомилаи коррупсионии афроди алоҳида ном бурда, аз пеши худ нархгузории консулҳоро интиқод кард ва гуфт: “Агар мо ҷанбаи қонунии масъаларо хоҳем, сафари ҳар шахс бояд дар асоси санадҳои меъёрӣ сурат гирад. Чунки агар худи консул муайян кунад, ки рафтуомадаш чӣ қадар аст ва шабонарӯзии дар меҳмонхона истоданаш чанд пул мешавад, ин рафтор ғайриқонунӣ аст. Ҳозир меҳмонхонаҳо ҳам нархи гуногун доранд. Ин чунин маъноро дорад, ки нархи ҳар меҳмонхонаеро хоҳад, гузоштан мегирад”.

Вай пешниҳод кард, ки марбут ба ин масъала дар Барномаи амали миллии иҷрои тавсияҳои СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд меъёри муайяне пешбинӣ шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.