Даъвати Озарбойҷон ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон

Зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон У.Усмонов аз ширкатҳои озарбойҷонӣ даъват ба амал овард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ширкат варзанд. Бино ба иттилои сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба сафир оид ба имконоти Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон У.Усмонов аз ширкатҳои озарбойҷонӣ даъват ба амал овард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ширкат варзанд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба сафир оид ба имконоти Тоҷикистон дар бахши истифодаи захираҳои обии Тоҷикистон маълумоти муфасссал дода, зикр кард, ки 60%-и захирахои обии минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар мавсими тобистон талаботи кишвар ба нерӯи барқро қонеъ месозанд, вале дар фасли сармо кишвар ба камбуди он дучор мегардад.

«Дар тендерҳои эълоншуда оид ба сохтмони нерӯгоҳии хурду миёнаи барқиву обӣ дар Тоҷикистон асосан ширкатҳои чиниву туркӣ ва аврупоӣ ширкат меварзанд», – гуфт вазир.

Ба гуфтаи Усмонов, давоми моҳи январ навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мавриди истифода қарор мегирад ва ояндаи наздик бошад, баҳри анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқиву обии «Сарбанд» дар дарёи Вахш тендер эълон карда мешавад, ки ба иштирок дар он ӯ ширкатҳои азарбойҷониро низ даъват намуд.

А.Гасанов манфиатдории Озарбойҷон дар рушду тавсеъаи муносибатҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар бахши иқтисод бо шумули гидроэнегетикаро изҳор кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.