Эълони озмун дар Душанбе миёни аксбардорон

Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сад тасвир, слайд ё видеоролики беҳтарини макони сайёҳии шаҳри Душанбе» миёни аксбардорони ҳаваскору коромӯз ва ҳирфаӣ озмун эъон кард. Ба гуфтаи дастандаркорони озмун, сарфи назар аз дар номи озмун зикр шудани танҳо макони сайёҳии шаҳри Душанбе, иштирокчиёни озмун метавонанд аксҳои макони зебову дилписанди дигар […]

ASIA-Plus


Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сад тасвир, слайд ё видеоролики беҳтарини макони сайёҳии шаҳри Душанбе» миёни аксбардорони ҳаваскору коромӯз ва ҳирфаӣ озмун эъон кард.

Ба гуфтаи дастандаркорони озмун, сарфи назар аз дар номи озмун зикр шудани танҳо макони сайёҳии шаҳри Душанбе, иштирокчиёни озмун метавонанд аксҳои макони зебову дилписанди дигар манотиқи кишварро низ ирсол намоянд.

«Дар озмун моҳиятан аксҳои макони сайёҳии пойтахт баррасӣ мешаванд, вале мутаассифона, чунин ҷойҳо дар Душанбе каманд, ки метавон танҳо меҳмонхонаву театрҳо ва боғҳоро ном бурд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аксҳои тасвири макони зебову дилфиреби дигар шаҳру навоҳии кишварро низ қабул намоем», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни озмун то 15-уми ноябр метавонанд аксҳои худро барои баррасӣ пешниҳод кунанд ва аллакай рӯзи 20-уми ҳамин моҳ натиҷаҳои озмун элон карда мешаванд. Ғолибони се зинаи аввал бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд ва иштирокчиёни боқимонда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Озмун бо дастгирии меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» доир гардида, маросими тақдими ҷоизаҳо низ дар толори ин меҳмонхона баргузор мешавад.

«Ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ҳадафи аслии озмун аст. Айни замон сомонаи раёсат мавриди таҳия қарор дорад, ки баъдтар аксҳои ҳамаи иштирокчиёни озмун дар он гузошта мешавад. Ба ин монанд озмун моҳи апрел низ доир мегардад, ки баҳри иштирок дар он аксбардорони ҳирфаӣ даъват карда мешаванд», – зикр карданд дар раёсат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.