Мулоқоти роҳбари бахши ҲНИТ дар Суғд бо донишҷӯён


Дар дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоти раиси бахши мазкури ҳизб Илҳомҷон Ёқубов бо донишҷӯёни вилоят баргузор шуд. Дар вохӯрии тибқи нақшаи ҲНИТ доиргардида беш аз 80 нафар донишҷӯёни аълохону фаъол ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар мулоқот миёни раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва донишҷӯён атрофи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат гирифт.

«Ба донишҷӯёни дар мулоқот ҳузурдошта аз номи раҳбарияти ҲНИТ китобҳо ва сарулибоси зимистона туҳфа карда шуд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное