Оғози нишастҳои хабарии навбатии вазорату идораҳо

Санаи 13-уми январи соли равон нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, ки то 7-уми феврал идома меёбанд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 гузориш хоҳанд дод. Ҳамин тариқ, рӯзи аввали ҳафтаи оянда, 13-уми январ нахуст нишасти хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти роҳбарии директори […]

ASIA-Plus


Санаи 13-уми январи соли равон нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, ки то 7-уми феврал идома меёбанд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 гузориш хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ, рӯзи аввали ҳафтаи оянда, 13-уми январ нахуст нишасти хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти роҳбарии директори тозатаъини марказ Худойбердӣ Холиқназаров баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.