Дар сафоратхонаи Эрон дар ҶТ дар Тоҷикистон қарор доштани 2 млрд. $ маблағе, ки тоҷири маъруф Бобаки Занҷонӣ барои гум шудани онҳо ба ҳабс гирифта шуд, аз эҳтимол дур намедонанд.
Ба гуфтаи як манбаъ аз ин сафоратхона, маблағи пулиро интиқол додани Занҷонӣ аз эҳтимол дур нест, вале шояд барои интиқоли онҳо ба Эрон мушкилоте пайдо шуда бошад.
«Дар ин қазия барои мо ҳам бисёр чизҳо номафҳум аст. Ҳақиқатан ҳам ӯ аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намуд, ки ин маблағ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст, вале БМТ инро рад мекунад. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Агар ӯ ин пулҳоро баргардонад, раҳо карда мешавад. Мо ҳам ба он таваҷҷуҳ дорем, ки чӣ гуна ӯ ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро сохтакорӣ кардааст ва ба назари мо, яқинан ба ин масъала ВАО рӯшанӣ хоҳанд андохт», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.
Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон
шарҳи мухтасаре
интишор намуд.



