Сафорати Эрон дар бораи эҳтимоли ба Тоҷикистон интиқол ёфтани пулҳои Занҷонӣ

Дар сафоратхонаи Эрон дар ҶТ дар Тоҷикистон қарор доштани 2 млрд. $ маблағе, ки тоҷири маъруф Бобаки Занҷонӣ барои гум шудани онҳо ба ҳабс гирифта шуд, аз эҳтимол дур намедонанд. Ба гуфтаи як манбаъ аз ин сафоратхона, маблағи пулиро интиқол додани Занҷонӣ аз эҳтимол дур нест, вале шояд барои интиқоли онҳо ба Эрон мушкилоте пайдо […]

ASIA-Plus


Дар сафоратхонаи Эрон дар ҶТ дар Тоҷикистон қарор доштани 2 млрд. $ маблағе, ки тоҷири маъруф Бобаки Занҷонӣ барои гум шудани онҳо ба ҳабс гирифта шуд, аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба гуфтаи як манбаъ аз ин сафоратхона, маблағи пулиро интиқол додани Занҷонӣ аз эҳтимол дур нест, вале шояд барои интиқоли онҳо ба Эрон мушкилоте пайдо шуда бошад.

«Дар ин қазия барои мо ҳам бисёр чизҳо номафҳум аст. Ҳақиқатан ҳам ӯ аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намуд, ки ин маблағ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст, вале БМТ инро рад мекунад. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Агар ӯ ин пулҳоро баргардонад, раҳо карда мешавад. Мо ҳам ба он таваҷҷуҳ дорем, ки чӣ гуна ӯ ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро сохтакорӣ кардааст ва ба назари мо, яқинан ба ин масъала ВАО рӯшанӣ хоҳанд андохт», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.

Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон

шарҳи мухтасаре

интишор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.