Беш аз 117 млн. сомонӣ маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба рушди Кӯлоб

Date:


Барномаи дусолаи сохтмон аз ҷониби соҳибкорони Кӯлоб тасдиқ карда шуд.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми солҳои 2014-2015 аз ҷониби сармояи хусусӣ ба рушди шаҳр тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 117 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар худи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони 147 иншооти таъиноти гуногун қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.

«Агар дар деҳоти ноҳия ба сохтмони иншооти варзишиву солимӣ, марказҳои гуногуни хизматгузорӣ, корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуда бошад, пас дар худи шаҳр дар ин давра бинои меҳмонхонаҳои нав, фитнес-клубҳо, марказҳои солимӣ, чойхона ва корхонаҳои истеҳсолии гуногун қомат меафрозанд», – иброз дошт сармеъмори шаҳр.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб бо маблағгузории 107 млн. сомонӣ 61 иншооти таъиноти гуногун бунёд намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...